Сафҳаи аслӣ
Фазилати шаби қадр ва даҳҳаи охири моҳи шарифи Рамазон PDF Print E-mail
Written by Муҳаммадиқболи Садриддин   
Wednesday, 23 September 2009 09:51

ФАЗИЛАТИ ШАБИ ҚАДР ВА ДАҲҲАИ ОХИРИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муаллиф: Шайх Абдуллоҳ Ҷибрин
Аз арабӣ тарҷумаи:
Муҳаммадиқболи Садриддин
 
 
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Пешгуфтор
Ба номи онки дил кошонаи ӯст,
Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.
Салом ба Рамазон - моҳи зиёфати Илоҳӣ. Салом ба рӯзадорони ин моҳ, ки хобашон ибодату нафасҳояшон тасбеҳ аст ва салом ба шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
Моҳи Рамазон шуд маю майхона вар-уфтод,
Ишқу тарабу бода ба вақти саҳар уфтод.
Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густӯрдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад соҳибхона ба ӯ лутфу навозиши бештар хоҳад дод.
Дар ривоят омадааст, ки «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи Рамазон кушода мешавад ва то охирин шаби ин моҳ баста намешавад». Рамазон моҳи дуову ибодат асту баҳори Қуръон. Тамоми рӯзҳо ва лаҳза-лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон гуфтаанд ва он шаби Қадр аст.
Last Updated on Wednesday, 23 September 2009 09:53
Read more...
 
Чаро иди саиди Фитр таъхир шуд? PDF Print E-mail
Written by Фирдавсии Нуралиён   
Tuesday, 22 September 2009 10:54

Ҳамду сано Худовандро ки барои имтиҳону поксозии бандагонаш васоилеро вазъ кардааст, ки онҳо бо истифода аз чунин васоил метавонанд дар худ тақвову камолоти инсониро парвариш дода, дар пешгоҳи офарандаи худ изҳори бандагӣ намуда соҳиби мукофоту подошҳои азиме шавад.

Яке аз чунин васоил рӯзаи моҳи Рамазон аст, ки бо тавфиқу мадади Худовандӣ имсол мусалмонҳои кишварамон дар фазои хеле хуб ва бидуни ҳеҷ гуна монеа ва ихлол, аз тарафи касе онро хуб истиқбол намуда ба анҷом расонданд. Таровеҳу қиёми шаб ва хатми Қуръони карим дар ҳамаи масоҷиди ҷумҳурӣ ба шакли хеле хуб баргузор гардид ва ҳатто то гузаштани посе аз шаб садои тиловат ва хатми Қуръони карим дар атрофи масҷидҳо шунида мешуд, ки бешак он фазои кишварамонро руҳонӣ карда буд.
Барои ин неъмати Худовандӣ бояд шукргузор бошем ва бояд бидонем, ки ҳамаи ин корҳои хайр дар шароити амнияту оромӣ ба сомон мерасад ва Худовандро шукргузорем, ки имрӯз кишварамон аз ин неъмати илоҳӣ бархурдор аст.
Мусалмонҳо дар сартосари дунё баъд аз анҷоми моҳи Рамазон рӯзи аввали моҳи Шавволро ба ҳайси рӯзи иди Фитр, яке аз рӯзҳои иду хурсандии мусалмонҳо ҷашн мегиранд ва онро бо адо кардани ду ракаъат намози иди Фитр оғоз мекунанд.
Рӯзи якшанбе мутобиқ бо 20-сентябр дар сартосари дунё ин рӯзи саъид ҷашн гирифта шуд ва мусалмонҳо аз Индонезия гирифта то Марокаш дар ҳамин рӯз намози иди Фитр адо намуданд, вале дар Тоҷикистони мо мусалмонҳо дар ин рӯз рӯзадор буданд. Чаро ин тавр шуд? Оё имкон надошт, ки мо ҳам ба ин ҷамъи азими мусалмонҳо пайваста ҳамроҳи дигар мусалмонҳои дунё дар ҳамин рӯз ид мекардем ва танҳо намемондем? Оё ин имконпазир набуд?
Read more...
 
Фазилатҳои намози ҷумъа PDF Print E-mail
Written by Фирдавсии Нуралиён   
Tuesday, 22 September 2009 10:05

Ҷумъа рӯзе аст, ки Худои азза ва ҷалла исломро бад-он муъаззам кардааст ва мусулмононро бад-он махсус гардонидааст. Пайғомбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: - Ҳақтаъоло бар Шумо дар ин рӯз ва дар ин мақом намози ҷумъа фарз кардааст. Ҳар кӣ се ҷумъаро бе узр бигзорад, Ҳақтаъоло дили вайро мӯҳр кунад. Машғул шудан ба корҳои дунё дар вақти намози ҷумъа ҳаром гардонида шудааст. Пайғомбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: - Беҳтарин рӯзе, ки офтоб бар он тулӯъ кунад, рӯзи Одина (ҷумъа) аст.

Офаридани Одам ва бурдани ӯ ба биҳишт ва фуруд омадани ӯ бар замин дар он рӯз буд ва қиёмат дар он қоим шавад ва ӯро наздики Худои азза ва ҷалла рӯзи мазид хонанд ва ҳамчунин малоика дар осмон ва ӯ рӯзи дидани Ҳақтаъоло аст дар биҳишт.
ОДОБИ ҶУМЪА:
Аввал: - Он ки рӯзи одинаро омода шавад ба азимат ва истиқболи фазли он ва пас аз намози дигари (асри) панҷшанбе ба дуову тасбиҳ ва истиғфор машғул гардад. Яке аз салаф гуфт, ки Ҳақтаъолоро фазле аст беруни рӯзиҳои бандагон, ки аз он насиб нафармояд, магар касеро, ки шабонгаҳи панҷшанбе ва Одина онро бихоҳад ва рӯзи панҷшанбе ҷомаҳо бишӯяд ва сапед кунад ва атрҳо муҳайё дорад ва дили худро аз шуғлҳое, ки монеъи пагоҳ рафтани ҷумъа бошад, фориғ гардонад.
Дувум: - Он ки пас аз тулӯи субҳ ғусл кунад агар хоҳад, ки он замон ба масҷид равад ва агар не, ғусл наздики вақти рафтан ба масҷид кунад, то ба покизагӣ наздиктар бошад. Ғусл кардан дар рӯзи ҷумъа зиёд савоб дорад. Дашноми аҳли Мадина ин буд, ки ту бадтар аз он каси, ки рӯзи Одина ғусл накунад. Ва Ҳар кӣ аз ҷанобат ғусл хоҳад кард, бояд ки бар нияти ғусли ҷумъа бори дигар об бар андоми худ резад ва агар бар як ғусл иқтисор намояд раво бошад ва агар нияти ҳар ду кунад фазилати ғусли ҷумъа ҳам ҳосил ояд ва ғусли ҷумъа дар ғусли ҷанобат дохил гардад.
Read more...
 
Харидории дастхатте аз китоби «Фиқҳ-ул-Акбар» PDF Print E-mail
Written by Фирдавсии Нуралиён   
Tuesday, 22 September 2009 10:51

Дастхатти “Фиқҳ-ул-Акбар” ва шарҳи мухтасари он, аз таълифоти нодири Имом Абӯҳанифа аз як сокини шаҳри Душанбе дастрас шудааст

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, аз як сокини шаҳри Душанбе дастхатти "Фиқҳ-ул-Акбар" ва шарҳи мухтасари он, аз таълифоти нодиреро, ки ба Имом Абӯҳанифа нисбат дода мешавад, харидорӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи масъулони Китобхонаи Фирдавсӣ, кумисиюни вижаи ин китобхона асари "Фиқҳ-ул-Акбар"- ро ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари он аз Уматқул Ҳомидов, як сокини шаҳри Душанбе, бо қимати 1690 сомонӣ ё муъодили беш аз 400 дулор харидорӣ кардааст.
Он гуна, ки Абдуллоҷон Юнусов, мудири шӯъбаи дастхаттҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо вуҷуди хароб шудани муқова ва теъдоде аз саҳафоти китоб, он ҳамчунон аз арзише бархӯрдор аст.
Ба гуфтаи оқои Юнусов, навъи хатт ва коғази ин дастхатт нишон медиҳад, ки ин асар ба қарни 17 милодӣ таъаллуқ дорад.
Оқои Юнусов ин дастхаттро хеле пурарзиш тавсиф кард ва гуфт барои бори нахуст аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби чунин дастхатте аз Имоми Аъзам шудааст.
Ҳарчанд ин масъули Китобхонаи миллӣ мегӯяд дар чанд соли ахир ба ин китобхона китобҳое аз таълифоти Имом Абӯҳанифа ворид шудааст, аммо то кунун дастхатте аз таълифоти Имоми Аъзам дар ин муасиса вуҷуд надоштааст.
Аммо тибқи иттилоъи вай, дар ганҷинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз ду ҳазор дастхатт мавҷуд аст.
Read more...
 
Иди Фитри соли 2009м. (1430ҳ.) муборак бод! PDF Print E-mail
Written by Фирдавсии Нуралиён   
Saturday, 19 September 2009 21:30

Истишмоми атри хуши бӯи иди Фитр, пас аз шукуфтани гули сибарги моҳи малакутии Рамазон гуворои вуҷуди покатон бод! Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

Фарорасии иди Фитр барои тамоми мусулмонони ҷаҳон муборак бод! Худованд тооту ибодоти ҳама мусулмононро мавриди қабули даргаҳаш гардонад!

* * *

Кам-кам ғуруби моҳи Худо дида мешавад,

Сад ҳайф аз ин бисот, ки барчида мешавад.

Дар ин баҳори раҳмату ғуфрону мағфират,

Хушбахт он касест, ки бахшида мешавад.

Last Updated on Tuesday, 22 September 2009 10:57
Read more...
 
<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 1 of 22